Изҳороти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба хабари фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Вобаста ба хабаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба «қоидаҳои нави алоқа» чарх мезанад, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро комилан рад карда, беасос медонад.

Дар ин хабари фейкӣ аз сабти ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp ва инчунин мониторинги Twitter, Facebook сухан меравад, ки комилан беасос ва гумроҳкунанда аст.

Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва операторони алоқаи барқӣ ҳеҷ гуна қоидаи наве ҷорӣ нашуда, фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома меёбад.

Аз ин рӯ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми муштариёни операторони алоқаи мобилӣ ва кулли шаҳрвандон мехоҳад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фейкӣ бовар накунанд. Мо боварӣ дорем, ки ин гуна хабару овозаҳо бардурӯғ аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа паҳн карда мешаванд.

Хадамоти алоқа ва тамоми операторони алоқаи барқӣ ҳама гуна тағйирот ва қоидаҳои навро ба таври расмӣ манзури шаҳрвандон мекунанд. Бинобар ин, бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки танҳо хабарҳои расмиро пайгирӣ намоед.

Поделиться

Другие
POLY И MICROSOFT TEAMSИногда вы понимаете с первого взгляда, что...
Santa Clara, Calif. –  July 9, 2020 – Avaya (NYSE:AVYA), a global leader...

НАШЛИ ОШИБКУ В ТЕКСТЕ? ВЫДЕЛИТЕ ЕЁ И НАЖМИТЕ

Изҳороти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба хабари фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ