Назарҳои мизоҷон

Ширкати мо муддати тӯлонӣ аст, ки аз хидматрасониҳои провайдери «Истэра» истифода мебарад ва мо аз сифати хидматрасонии пешниҳодшуда комилан қаноатмандем. Алоқа устувор, суръат олӣ ва дастгирии техникӣ дар сатҳи баландтарин мебошад. Мутахассисони ширкат ҳамеша ба муроҷиатҳои мо фавран вокуниш нишон медиҳанд ва воқеан ҳавасманданд, ки кори муштариён бидуни ягон халал сурат гирад. Ин шарики боэътимод аст, ки ҳамкорӣ бо он бисёр гуворо мебошад

Азиз Каюмов
Роҳбари департаменти ТИ-и ТҚҲН «Васл»

Мехоҳам ба ширкати «Истэра» барои ҳамкории пурсамар ва мутақобилан судманд изҳори сипос намоям. Фаъолият бо шумо ҳамеша дар сатҳи баланди касбӣ сурат мегирад ва қарорҳои пешниҳодкардаи шумо ба интизориҳои мо комилан мувофиқат мекунанд. Мо идомаи шарикиро бесаброна интизор ҳастем ва омодаем лоиҳаҳои нави муштаракро амалӣ созем. Боварӣ дорам, ки дар оянда моро дастовардҳои боз ҳам бештар ва лоиҳаҳои муваффақи муштарак интизоранд!»

Юрий Агарков
Муовини директори генералии ширкати сармоягузорӣ ва идоракунии «FiftyFive Group».

Беш аз 20 сол аст, ки ман ширкати «Истэра»-ро ҳамчун шарики технологии тиҷорати худ интихоб мекунам. Ин худ аз бисёр чизҳо гувоҳӣ медиҳад.

  «Истэра» ширкати навоваре мебошад, ки технологияҳои иртиботиро ба тиҷорати мушаххаси шумо зуд ва босалоҳият мутобиқ месозад. «Истэра» на танҳо қарорҳои пурқуввати технологӣ ва маҳсулоти боэътимод дорад, балки дорои сатҳи хизматрасоние мебошад, ки барои Тоҷикистон нодир аст. Ҳамаи дархостҳои мо хеле зуд коркард мешаванд. Ман бо итминони комил тавсия медиҳам, ки барои дастгирии рушди тиҷорати худ «Истэра»-ро интихоб кунед.

P.S. Барои интернети хонагӣ низ ман «Истэра»-ро интихоб кардам.

Шералӣ Ҷӯрабоев
Директори идоракунандаи минтақавии «Sky CA/Tajikistan» дар ҳамкорӣ бо «WaveMaker»

Чанд вақт пеш мо ба шабакаи «Истэра» пайваст шудем ва аллакай гуфта метавонем, ки ин барои дафтар (офис) интихоби олиҷаноб аст. Интернет устувор ва суръат баланд мебошад. Мулоқотҳои онлайнӣ бидуни ягон халал, видео ва овоз бошад — бе таъхир сурат мегиранд.

Сифати интернет чунон баланд аст, ки мо ҳатто барои зангҳо бештар аз Telegram ва WhatsApp истифода мебарем — сифати алоқа нисбат ба шабакаҳои мобилӣ беҳтар аст!  Ба дастаи «Истэра» барои эътимоднокӣ ва хидматрасонии олӣ ташаккур мегӯем. Мо бо камоли майл истифодаи онро идома медиҳем

Азамат Набиев
Директори департаменти коркарди маҳсулоти бонкии «Freedom Bank»

Барои ширкати мо алоқаи устувор ва иртиботи фаврӣ аҳамияти махсус доранд. Аллакай чанд сол аст, ки мо бо ин провайдери интернет ҳамкорӣ мекунем ва бо итминони комил гуфта метавонем: ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкорӣ ба мо писанд аст ва моро қонеъ мегардонад.

Интернет — боэътимод ва бидуни халал мебошад, ки ин барои фаъолияти мо дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time) хеле муҳим аст. Хадамоти дастгирӣ зуд ва мушаххас вокуниш нишон медиҳад. Махсусан мехоҳам муносибати муштаримеҳвар ва чандири дастаи ширкатро қайд намоям — эҳсос мешавад, ки ширкат муносибатҳои дарозмуддатро қадр мекунад. Барои мо ин на танҳо як провайдер, балки шарики боэътимодест, ки бо он рушд кардан ва пеш рафтан хеле қулай аст

Манучеҳр Азизов
Директори генералии ширкати маркетингии давраи пурраи «Ҳаматарафа»-и ҶДММ «Бозоршинос».

Мо бо ширкати «Истэра» ду сол аст, ки ҳамкорӣ дорем. Дар ин муддат провайдер худро ҳамчун шарики боэътимод ва касбӣ муаррифӣ намуд. Пайвасти интернет устувор аст, масъалаҳои бамиёномада фавран ҳал карда мешаванд ва дастаи ширкат ҳамеша барои муколама омода мебошад. Ман ин гуна муносибатро ба кор — бо эҳтиром ба муштарӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба ҷузъиёт — қадр мекунам

Андрей Палка
Раиси Раёсати ТАҚХ «Имон Интернешнл»