Истгоҳи телефонии худкори виртуалӣ

Мизоҷони шумо ҳамеша тамос гирифта метавонанд: АТС-и виртуалӣ ҳангоми ҳар як занг пазироии овозиро пахш мекунад, онро ба корманди озод тақсим мекунад, сабт мекунад ва бисёр корҳои дигарро анҷом медиҳад. Дигар ягон занги беҷавоб монда намешавад!

Замимаи мобилӣ "Eastera Connect"

Бо оила, дӯстон, ҳамкорон, мизоҷон ва шарикони худ дар ҳар куҷое ки набошед, дар тамос бошед. Як барнома — рақами шумо, зангҳо, пардохтҳо ва хизматрасониҳои Истэра.

Интернети корпоративӣ - устуворӣ ва суръат барои тиҷорати шумо

Пайвасти боэътимод, суръатҳои баланд ва дастгирии афзалиятнок - ҳама чизе, ки барои фаъолияти самараноки ширкати шумо зарур аст. Интернетеро интихоб намоед, ки пешсафони бозор ба он эътимод доранд.

Боз ҳам зудтар, муфидтар ва қулайтар!

Мо тарофаҳои худро барои муштариёни хусусӣ навсозӣ кардем - суръати бештар, трафики бештар ва ҳеҷ гуна хароҷоти зиёдатӣ. Тарофаи қулайи худро аллакай имрӯз интихоб намоед ва ҳар рӯз аз интернети устувор баҳра баред!

Серверҳои VPS барои тиҷорат ва таҳиягарон

Серверҳои маҷозии боэътимод бо дискҳои намуди SSD, дастрасии пурраи root ва дастгирии шабонарӯзӣ. Сомонаҳо, замимаҳо ва пойгоҳи додаҳои худро бидуни маҳдудият ҷойгир кунед. Оғози зуд ва танзимоти чандир - мувофиқи вазифаҳои шумо!

Хизматрасониҳо

Интернет барои хона

Интернети тез ва устувор барои кори бароҳат, муошират ва дилхушӣ.

Интернети корпоративи

Интернети корпоративӣ — устуворӣ ва суръат барои тиҷорати шумо

Хостинг

Мо кори устувор, суръати баланди боргирӣ ва ҳифзи маълумотро таъмин мекунем.

Домен

Бақайдгирии доменҳо барои тиҷорат бо хизматрасонии маҷмӯии пурра ва дастгирии техникӣ.

Сервери маҷозӣ (VPS)

Сервери маҷозӣ: назорат, суръат ва амният.

IP-телефония

Қарори муосир барои алоқаи корпоративӣ.

Почтаи корпоративӣ

Почта дар домени шумо - муҳофизат аз спам ва дастрасӣ аз ҳама гуна дастгоҳҳо.

Лоиҳакашӣ ва васлкунии шабакаҳо

Маҷмӯи пурраи корҳо оид ба таъсиси инфрасохтори муосир ва боэътимоди ТИ

Хизматрасонии техникӣ ва машваратдиҳӣ

Мо кори устувори инфрасохтори ТИ-ро таъмин мекунем: таҷҳизот, шабакаҳо, нармафзор.

Ҷойгиркунии таҷҳизот

Ҷойгиркунии боэътимоди серверҳо дар маркази додаҳои касбӣ

Бартариҳои ширкат

Тарифҳои истисноӣ (Эксклюзивӣ)
Нархҳои инфиродӣ барои ҳар як муштарӣ. Мо интернети зуд ва боэътимодро барои офиси дилхоҳ — аз соҳибкорони инфиродӣ (СИ) то корпорацияҳои бузург таъмин мекунем.
Тарифҳои истисноӣ (Эксклюзивӣ)
Дастгирии шабонарӯзӣ

Гурӯҳи мо 24/7 омода аст, то камбудиҳоро сари вақт бартараф намуда, кори муътадили шабакаи шуморо дастгирӣ кунад.

Дастгирии шабонарӯзӣ
Менеҷери инфиродӣ
Мутахассиси инфиродӣ, ки дар пайвастшавӣ, интихоби тариф ва ҳалли ҳамаи масъалаҳо дар вақти барои шумо қулай кӯмак мерасонад.
Менеҷери инфиродӣ
Низоми чандири пардохт
Мо усулҳои қулаи пардохтро пешниҳод мекунем: нақдӣ, ғайринақдӣ ва хидмати "Пардохти боэътимод", то шумо тавонед молияи худро бо чандирии максималӣ идора кунед.
Низоми чандири пардохт
Муносибати инфиродӣ
Ҳар як қарор вобаста ба вазифаҳои шумо мутобиқ карда шудааст, то ба талабот ва интизориҳои шумо комилан ҷавобгӯ бошад.
Муносибати инфиродӣ
Муносибатҳои боэътимод
Ҳамкории шаффоф ва таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои шумо — замина барои шарикии дарозмуддат мебошад.
Муносибатҳои боэътимод
Ҳалли масъалаҳои шумо бо як занг
Хидматрасонии фаврӣ: танҳо як бор муроҷиат кардан кифоя аст, то аз гурӯҳи мо кӯмаки касбӣ гиред.
Ҳалли масъалаҳои шумо бо як занг

Портфолиои ширкат

Таъминоти таҷҳизоти серверӣ ва шабакавӣ
Таъмин ва васлкунии таҷҳизоти ИТ барои мизоҷони корпоративӣ
Рушди шабакаи академии "TASCAMPUS"
Насб ва ҷорисозии системаи видеоконфронс дар заминаи таҷҳизоти «Avaya»
Харидорӣ, дастраскунии таҷҳизоти идоравӣ ва ташкили шабака
Харидории таъминоти барномавӣ барои Маркази тамоси Кумитаи андоз ҶТ

Фикру мулоҳизаҳои муштариён

Ширкати мо муддати тӯлонӣ аст, ки аз хидматрасониҳои провайдери «Истэра» истифода мебарад ва мо аз сифати хидматрасонии пешниҳодшуда комилан қаноатмандем. Алоқа устувор, суръат олӣ ва дастгирии техникӣ дар сатҳи баландтарин мебошад. Мутахассисони ширкат ҳамеша ба муроҷиатҳои мо фавран вокуниш нишон медиҳанд ва воқеан ҳавасманданд, ки кори муштариён бидуни ягон халал сурат гирад. Ин шарики боэътимод аст, ки ҳамкорӣ бо он бисёр гуворо мебошад

Азиз Каюмов
Роҳбари департаменти ТИ-и ТҚҲН «Васл»

Мехоҳам ба ширкати «Истэра» барои ҳамкории пурсамар ва мутақобилан судманд изҳори сипос намоям. Фаъолият бо шумо ҳамеша дар сатҳи баланди касбӣ сурат мегирад ва қарорҳои пешниҳодкардаи шумо ба интизориҳои мо комилан мувофиқат мекунанд. Мо идомаи шарикиро бесаброна интизор ҳастем ва омодаем лоиҳаҳои нави муштаракро амалӣ созем. Боварӣ дорам, ки дар оянда моро дастовардҳои боз ҳам бештар ва лоиҳаҳои муваффақи муштарак интизоранд!»

Юрий Агарков
Муовини директори генералии ширкати сармоягузорӣ ва идоракунии «FiftyFive Group».

Беш аз 20 сол аст, ки ман ширкати «Истэра»-ро ҳамчун шарики технологии тиҷорати худ интихоб мекунам. Ин худ аз бисёр чизҳо гувоҳӣ медиҳад.

  «Истэра» ширкати навоваре мебошад, ки технологияҳои иртиботиро ба тиҷорати мушаххаси шумо зуд ва босалоҳият мутобиқ месозад. «Истэра» на танҳо қарорҳои пурқуввати технологӣ ва маҳсулоти боэътимод дорад, балки дорои сатҳи хизматрасоние мебошад, ки барои Тоҷикистон нодир аст. Ҳамаи дархостҳои мо хеле зуд коркард мешаванд. Ман бо итминони комил тавсия медиҳам, ки барои дастгирии рушди тиҷорати худ «Истэра»-ро интихоб кунед.

P.S. Барои интернети хонагӣ низ ман «Истэра»-ро интихоб кардам.

Шералӣ Ҷӯрабоев
Директори идоракунандаи минтақавии «Sky CA/Tajikistan» дар ҳамкорӣ бо «WaveMaker»

Чанд вақт пеш мо ба шабакаи «Истэра» пайваст шудем ва аллакай гуфта метавонем, ки ин барои дафтар (офис) интихоби олиҷаноб аст. Интернет устувор ва суръат баланд мебошад. Мулоқотҳои онлайнӣ бидуни ягон халал, видео ва овоз бошад — бе таъхир сурат мегиранд.

Сифати интернет чунон баланд аст, ки мо ҳатто барои зангҳо бештар аз Telegram ва WhatsApp истифода мебарем — сифати алоқа нисбат ба шабакаҳои мобилӣ беҳтар аст!  Ба дастаи «Истэра» барои эътимоднокӣ ва хидматрасонии олӣ ташаккур мегӯем. Мо бо камоли майл истифодаи онро идома медиҳем

Азамат Набиев
Директори департаменти коркарди маҳсулоти бонкии «Freedom Bank»

Барои ширкати мо алоқаи устувор ва иртиботи фаврӣ аҳамияти махсус доранд. Аллакай чанд сол аст, ки мо бо ин провайдери интернет ҳамкорӣ мекунем ва бо итминони комил гуфта метавонем: ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкорӣ ба мо писанд аст ва моро қонеъ мегардонад.

Интернет — боэътимод ва бидуни халал мебошад, ки ин барои фаъолияти мо дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time) хеле муҳим аст. Хадамоти дастгирӣ зуд ва мушаххас вокуниш нишон медиҳад. Махсусан мехоҳам муносибати муштаримеҳвар ва чандири дастаи ширкатро қайд намоям — эҳсос мешавад, ки ширкат муносибатҳои дарозмуддатро қадр мекунад. Барои мо ин на танҳо як провайдер, балки шарики боэътимодест, ки бо он рушд кардан ва пеш рафтан хеле қулай аст

Манучеҳр Азизов
Директори генералии ширкати маркетингии давраи пурраи «Ҳаматарафа»-и ҶДММ «Бозоршинос».

Мо бо ширкати «Истэра» ду сол аст, ки ҳамкорӣ дорем. Дар ин муддат провайдер худро ҳамчун шарики боэътимод ва касбӣ муаррифӣ намуд. Пайвасти интернет устувор аст, масъалаҳои бамиёномада фавран ҳал карда мешаванд ва дастаи ширкат ҳамеша барои муколама омода мебошад. Ман ин гуна муносибатро ба кор — бо эҳтиром ба муштарӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба ҷузъиёт — қадр мекунам

Андрей Палка
Раиси Раёсати ТАҚХ «Имон Интернешнл»

Ман ба Душанбе моҳи январи соли 2024 омадам. Пас аз тақрибан шаш моҳи кӯшишҳои бебарор ва ноумедкунанда бо операторони алоқаи маҳаллӣ, ки интернети суръаташ паст ва сифаташ бадро пешниҳод мекарданд, ман ба ширкати «Истэра» муроҷиат намудам.

Онҳо фавран дар хонаи ман интернети нахӣ-оптикӣ (оптоволокно) насб карданд ва бастаи хеле хубро бо интернети номаҳдуд, суръати баланд ва нархи муносиб пешниҳод намуданд. Акнун бо ин баста ман метавонам ба осонӣ маълумотро аз интернет дастрас намоям ва ба телевизиони босифат бидуни маҳдудият дастрасӣ дошта бошам.

Дар сурати зарурат, ман аз ҷониби ширкат дастгирии фаврӣ ва муассир мегирам. Бинобар ин, ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷустуҷӯи интернети босифат ва боэътимод ҳастанд, тавсия медиҳам, ки «Истэра»-ро интихоб намоянд

Пйер-Эмманюэл Дюкруэ
Роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон

Барои ман «Истэра» — ин пеш аз ҳама кормандони он мебошанд: ашхоси фаҳмида, касбӣ, хайрхоҳ ва ҳамеша омодаи кӯмак. Ба фикрам, ман истифодаи хидматрасониҳои онҳоро ҳанӯз 20 сол пеш, вақте ки интернети «по дозвону» (dial-up) мавҷуд буд, оғоз карда будам. Замон ва технологияҳо тағйир ёфтанд, одамони нав омаданд, аммо дастаи олиҷанобе, ки барои шумо ҳама гуна ва беҳтарин қарорро пайдо мекунад, бетағйир монд

Зебо Тоҷибоева
Сармуҳаррири Your.tj

Мо касбият ва фаврияти ширкати шуморо баланд арзёбӣ мекунем. Хизматрасонӣ ҳамеша дар сатҳи баландтарин қарор дорад, ки ҳамкорӣ бо шуморо қулай ва боэътимод мегардонад. Ҳама гуна масъалаҳои техникӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳал карда мешаванд ва ҳангоми зарурати васеъ намудани каналҳои алоқа, шумо ҳамеша фавран вокуниш нишон медиҳед. Ҳамкорӣ бо шарике, ки дар ҳар гуна вазъият метавон ба он такя кард, бисёр гуворо аст

Фарух Султонов
Роҳбари намояндагии КМП (МФК) дар ҶТ

Тамос

Агар шумо дар мавриди хидматрасониҳои ширкати мо ва ё имкониятҳои ҳамкорӣ саволе дошта бошед, лутфан онро ба мо ирсол кунед. Мо бо камоли майл ба саволҳои шумо ҷавоб медиҳем.ы