Харидории таъминоти барномавӣ барои Маркази тамоси Кумитаи андоз ҶТ

Фармоишгар: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нақш: Таъминкунандаи таҷҳизот ва интегратори қарорҳо
Муҳлати иҷро: Март-декабри соли 2017
Ҳадафи лоиҳа: Ҷорисозии Маркази тамоси мултимедиявӣ барои Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дастовардҳо:

  • Маркази тамоси мултимедиявии пуррафунксионалӣ дар заминаи Avaya Call Center Elite Multichannel бо дастгирии зангҳои овозӣ, почтаи электронӣ (e-mail), веб-чат, SMS ва паёмҳои факсимилӣ.
  • Интегратсия бо CRM ва CTI: тақсимоти автоматии зангҳо (ACD) ва танзими чандири IVR бо усули «drag-and-drop» барои се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ).
  • Меъмории устувор нисбат ба хатогиҳо (Отказоустойчивая архитектура): бо виртуализатсия дар заминаи VMware ва имконияти васеъ намудан то 20 оператор бидуни ивази платформа.

Натиҷаҳо:

  • Коҳиши вақти интизорӣ: механизми занги бозгашт (callback) ва гузаронидан ба навбат ҷорӣ карда шуд, ки бори максималиро дар вақти авҷи истифода ва навбатҳоро кам мекунад.
  • Баланд бардоштани шаффофияти амалиёт: низоми ҳисоботдиҳӣ ва омор дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time) амалӣ карда шуд, ки ба роҳбарият имкон медиҳад нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ (KPI)-ро аз рӯи ҳар як оператор ва канали иртиботӣ назорат кунад.
  • Омӯзиши маҷмӯӣ: гузаронидани тренингҳо ва пешниҳоди маводҳои таълимӣ барои се гурӯҳи корбарон (операторҳо, супервайзерҳо, администраторҳо) оид ба кор бо системаи EMS.

Лоиҳаҳои дигар

Таъминоти таҷҳизоти серверӣ ва шабакавӣ
Таъмин ва васлкунии таҷҳизоти ИТ барои мизоҷони корпоративӣ
Рушди шабакаи академии "TASCAMPUS"
Насб ва ҷорисозии системаи видеоконфронс дар заминаи таҷҳизоти «Avaya»
Харидорӣ, дастраскунии таҷҳизоти идоравӣ ва ташкили шабака
Харидории таъминоти барномавӣ барои Маркази тамоси Кумитаи андоз ҶТ