Мизоҷони шумо ҳамеша тамос гирифта метавонанд: АТС-и виртуалӣ ҳангоми ҳар як занг пазироии овозиро пахш мекунад, онро ба корманди озод тақсим мекунад, сабт мекунад ва бисёр корҳои дигарро анҷом медиҳад. Дигар ягон занги беҷавоб монда намешавад!
Бо оила, дӯстон, ҳамкорон, мизоҷон ва шарикони худ дар ҳар куҷое ки набошед, дар тамос бошед. Як барнома — рақами шумо, зангҳо, пардохтҳо ва хизматрасониҳои Истэра.
Пайвасти боэътимод, суръатҳои баланд ва дастгирии афзалиятнок - ҳама чизе, ки барои фаъолияти самараноки ширкати шумо зарур аст. Интернетеро интихоб намоед, ки пешсафони бозор ба он эътимод доранд.
Мо тарофаҳои худро барои муштариёни хусусӣ навсозӣ кардем - суръати бештар, трафики бештар ва ҳеҷ гуна хароҷоти зиёдатӣ. Тарофаи қулайи худро аллакай имрӯз интихоб намоед ва ҳар рӯз аз интернети устувор баҳра баред!
Серверҳои маҷозии боэътимод бо дискҳои намуди SSD, дастрасии пурраи root ва дастгирии шабонарӯзӣ. Сомонаҳо, замимаҳо ва пойгоҳи додаҳои худро бидуни маҳдудият ҷойгир кунед. Оғози зуд ва танзимоти чандир - мувофиқи вазифаҳои шумо!
Хизматрасониҳо
Бартариҳои ширкат
Гурӯҳи мо 24/7 омода аст, то камбудиҳоро сари вақт бартараф намуда, кори муътадили шабакаи шуморо дастгирӣ кунад.
Портфолиои ширкат
Фикру мулоҳизаҳои муштариён
Ширкати мо муддати тӯлонӣ аст, ки аз хидматрасониҳои провайдери «Истэра» истифода мебарад ва мо аз сифати хидматрасонии пешниҳодшуда комилан қаноатмандем. Алоқа устувор, суръат олӣ ва дастгирии техникӣ дар сатҳи баландтарин мебошад. Мутахассисони ширкат ҳамеша ба муроҷиатҳои мо фавран вокуниш нишон медиҳанд ва воқеан ҳавасманданд, ки кори муштариён бидуни ягон халал сурат гирад. Ин шарики боэътимод аст, ки ҳамкорӣ бо он бисёр гуворо мебошад
Мехоҳам ба ширкати «Истэра» барои ҳамкории пурсамар ва мутақобилан судманд изҳори сипос намоям. Фаъолият бо шумо ҳамеша дар сатҳи баланди касбӣ сурат мегирад ва қарорҳои пешниҳодкардаи шумо ба интизориҳои мо комилан мувофиқат мекунанд. Мо идомаи шарикиро бесаброна интизор ҳастем ва омодаем лоиҳаҳои нави муштаракро амалӣ созем. Боварӣ дорам, ки дар оянда моро дастовардҳои боз ҳам бештар ва лоиҳаҳои муваффақи муштарак интизоранд!»
Беш аз 20 сол аст, ки ман ширкати «Истэра»-ро ҳамчун шарики технологии тиҷорати худ интихоб мекунам. Ин худ аз бисёр чизҳо гувоҳӣ медиҳад.
«Истэра» ширкати навоваре мебошад, ки технологияҳои иртиботиро ба тиҷорати мушаххаси шумо зуд ва босалоҳият мутобиқ месозад. «Истэра» на танҳо қарорҳои пурқуввати технологӣ ва маҳсулоти боэътимод дорад, балки дорои сатҳи хизматрасоние мебошад, ки барои Тоҷикистон нодир аст. Ҳамаи дархостҳои мо хеле зуд коркард мешаванд. Ман бо итминони комил тавсия медиҳам, ки барои дастгирии рушди тиҷорати худ «Истэра»-ро интихоб кунед.
P.S. Барои интернети хонагӣ низ ман «Истэра»-ро интихоб кардам.
Чанд вақт пеш мо ба шабакаи «Истэра» пайваст шудем ва аллакай гуфта метавонем, ки ин барои дафтар (офис) интихоби олиҷаноб аст. Интернет устувор ва суръат баланд мебошад. Мулоқотҳои онлайнӣ бидуни ягон халал, видео ва овоз бошад — бе таъхир сурат мегиранд.
Сифати интернет чунон баланд аст, ки мо ҳатто барои зангҳо бештар аз Telegram ва WhatsApp истифода мебарем — сифати алоқа нисбат ба шабакаҳои мобилӣ беҳтар аст! Ба дастаи «Истэра» барои эътимоднокӣ ва хидматрасонии олӣ ташаккур мегӯем. Мо бо камоли майл истифодаи онро идома медиҳем
Барои ширкати мо алоқаи устувор ва иртиботи фаврӣ аҳамияти махсус доранд. Аллакай чанд сол аст, ки мо бо ин провайдери интернет ҳамкорӣ мекунем ва бо итминони комил гуфта метавонем: ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкорӣ ба мо писанд аст ва моро қонеъ мегардонад.
Интернет — боэътимод ва бидуни халал мебошад, ки ин барои фаъолияти мо дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time) хеле муҳим аст. Хадамоти дастгирӣ зуд ва мушаххас вокуниш нишон медиҳад. Махсусан мехоҳам муносибати муштаримеҳвар ва чандири дастаи ширкатро қайд намоям — эҳсос мешавад, ки ширкат муносибатҳои дарозмуддатро қадр мекунад. Барои мо ин на танҳо як провайдер, балки шарики боэътимодест, ки бо он рушд кардан ва пеш рафтан хеле қулай аст
Мо бо ширкати «Истэра» ду сол аст, ки ҳамкорӣ дорем. Дар ин муддат провайдер худро ҳамчун шарики боэътимод ва касбӣ муаррифӣ намуд. Пайвасти интернет устувор аст, масъалаҳои бамиёномада фавран ҳал карда мешаванд ва дастаи ширкат ҳамеша барои муколама омода мебошад. Ман ин гуна муносибатро ба кор — бо эҳтиром ба муштарӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба ҷузъиёт — қадр мекунам
Ман ба Душанбе моҳи январи соли 2024 омадам. Пас аз тақрибан шаш моҳи кӯшишҳои бебарор ва ноумедкунанда бо операторони алоқаи маҳаллӣ, ки интернети суръаташ паст ва сифаташ бадро пешниҳод мекарданд, ман ба ширкати «Истэра» муроҷиат намудам.
Онҳо фавран дар хонаи ман интернети нахӣ-оптикӣ (оптоволокно) насб карданд ва бастаи хеле хубро бо интернети номаҳдуд, суръати баланд ва нархи муносиб пешниҳод намуданд. Акнун бо ин баста ман метавонам ба осонӣ маълумотро аз интернет дастрас намоям ва ба телевизиони босифат бидуни маҳдудият дастрасӣ дошта бошам.
Дар сурати зарурат, ман аз ҷониби ширкат дастгирии фаврӣ ва муассир мегирам. Бинобар ин, ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷустуҷӯи интернети босифат ва боэътимод ҳастанд, тавсия медиҳам, ки «Истэра»-ро интихоб намоянд
Барои ман «Истэра» — ин пеш аз ҳама кормандони он мебошанд: ашхоси фаҳмида, касбӣ, хайрхоҳ ва ҳамеша омодаи кӯмак. Ба фикрам, ман истифодаи хидматрасониҳои онҳоро ҳанӯз 20 сол пеш, вақте ки интернети «по дозвону» (dial-up) мавҷуд буд, оғоз карда будам. Замон ва технологияҳо тағйир ёфтанд, одамони нав омаданд, аммо дастаи олиҷанобе, ки барои шумо ҳама гуна ва беҳтарин қарорро пайдо мекунад, бетағйир монд
Мо касбият ва фаврияти ширкати шуморо баланд арзёбӣ мекунем. Хизматрасонӣ ҳамеша дар сатҳи баландтарин қарор дорад, ки ҳамкорӣ бо шуморо қулай ва боэътимод мегардонад. Ҳама гуна масъалаҳои техникӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳал карда мешаванд ва ҳангоми зарурати васеъ намудани каналҳои алоқа, шумо ҳамеша фавран вокуниш нишон медиҳед. Ҳамкорӣ бо шарике, ки дар ҳар гуна вазъият метавон ба он такя кард, бисёр гуворо аст